Ссылки доступа

Хабарнигори «Азаттик» дар озмуни мубориза бо фасод пирӯз шуд


Хабарнигори бахши қирғизии радиои Озодӣ «Азаттик» Улан Эгизбоев дар озмуни мубориза бо фасодкорӣ дар Қирғизистон пирӯз шуд.

Ин озмунро Эътилофи миллии анҷумани тиҷоратӣ бо пуштибонии барномаи «Мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ» барпо карда буд.

Эгизбоев дар бахши «Беҳтарин матлаби телевизионӣ» пирӯз гардид.

29 декабр ғолибон қадрдонӣ шуданд. Ба бовари созмондеҳони озмун, рӯзноманигорон касбияти баланд нишон доданд.

Ёдовар мешавем, ин озмун то моҳи марти соли 2016 ҳармоҳа доир мешавад.

XS
SM
MD
LG