Ссылки доступа

Дар соли 2016 то 20 парвоз аз Байконур дар назар аст


Дар соли 2016 аз Байконур дар назар аст то 20 парвози кайҳонӣ анҷом дода шавад, хабар медиҳад оҷонсии «Интерфакс-Қазоқистон».

Тибқи иттилои оҷонсӣ, дар соли 2016 аз Байконур то 10 сафинаи «Союз» ва то 8 сафинаи «Протон», ки миёнашон киштиҳои борбар ба Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ мавҷуд аст, парвоз хоҳанд кард. Ин адад нисбати солҳои пешин хеле кам арзёбӣ мешавад.

Дар 10 соли охир аз Байконур то 30 парвози кайҳонӣ дар назар гирифта мешуд, вале то 20-25 парвоз амалӣ мегашт.

Сар аз соли 1957 то ин замон аз космодроми Байконур бештар 1450 парвози кайҳонӣ, бо шумули сафинаи русии гаронвазни «Протон-М», сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG