Ссылки доступа

Эрон ба сӯи киштиҳои Ғарб мушак партоб кард


Намояндаи расмии Фармондеҳии марказии ИМА Кайл Рейнс гуфт, партоби мушак аз киштии эронӣ, ки 26 декабр дар минтақаи ҳаракати киштиҳои ҳарбии Ғарб анҷом шуд, амали «таҳрикомез» буд.

Вай гуфт, мушакҳо дақиқан ба сӯи киштиҳои ҳарбӣ партоб нашудаанд, вале киштиҳои ҳарбии амрикоӣ дар фосилаи 1,3 километрии партоби мушак қарор доштанд.

Рейнс афзуд, киштии ҳарбии ИМА «Трумэн» 23 дақиқа қабл аз партоби мушак огоҳ шуда буд. «Ин амали хеле таҳрикомез, хатарнок ва ғайрикасбӣ буд, ки таъмини амниятро аз сӯи Эрон дар роҳҳои баҳрӣ зеру суол мебарад. Роҳҳои баҳрӣ барои тиҷорати байналхалқӣ аҳамияти зиёд доранд», - гуфт Рейнс.

Ҳангоми ҳодиса, ба гуфтаи Рейнс, киштиҳои ҳарбии кишварҳои Ғарб тибқи нақша аз гузаргоҳи Ҳурмузи Халиҷи Форс убур мекарданд. Рейнс афзудааст, ин ҳодиса мухолифи ҳаракати озодонаи киштиҳост.

XS
SM
MD
LG