Ссылки доступа

Марзбонони ӯзбек ду шаҳрванди Қирғизистонро захмӣ карданд


Вазъи саломатии ду шаҳрванди Қирғизистон, ки дар марзи миёни Қирғизистон ва Ӯзбекистон аз тири сарҳадбонони ӯзбек ҷароҳат бардоштанд, мӯътадил арзёбӣ мешавад. Яке аз онҳо барои берун овардани тир ҷарроҳӣ шудааст.

Мухбири «Азаттик» дар Бодканд Жениш Айдаров хабар медиҳад, дар деҳаи Боз-Адир, ки дар он ҷо ин ҳодиса рух додааст, мардум ҷамъ мешаванд.

Ба иттилоъи идораи марзбонии Қирғизистон, ин ҳодиса миёни низомиёни Ӯзбекистон ва шаҳрвандони Қирғизистон 30 декабр дар минтақаи «11 гектар»-и ноҳияи Бодканд дар марзи миёни ду кишвар рух додааст.

Шаҳрвандони Қирғизистон талош доштанд маҳсулоти қочоқиро аз Ӯзбекистон ба Қирғизистон берун аз гузаргоҳҳои расмӣ ворид созанд. Онҳо ба дастури марзбонони ӯзбек итоат накардаанд. Дар натиҷа низомиёни ӯзбек аз аслиҳа истифода карда, ду шаҳрванди Қирғизистон захмӣ намуданд.

XS
SM
MD
LG