Ссылки доступа

«Маликаи ҳусни Қазоқистон-2015” раиси ҷумҳурро ба рақс даъват кард


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба ҷашни идонаи хайрия ба базмгоҳи «Думан» дар Остона ташриф овард. Дар ин бора хадамоти матбуотии Акорда хабар медиҳад.

Дар муроҷиат ба ҳозирон Назарбоев зикр кард, ки соли навро кишвар зери нишони 25-солагии истиқлолияташ мегузаронад.

«Тамоми кишвар мисли як ҷисми воҳид заҳмат кашида, ин ҷашни бузургро истиқбол мегирад. Дар солҳои истиқлол кишвари тамоман дигаре эҷод шуд, ки бо заҳмати ҳамаи қазоқистониҳо ба даст омадааст. Мехоҳам ба тамоми халқи гуногунмиллат ва гуногунмазҳаби худ барои ин талоши муштарак арзи сипос кунам», - гуфт Назарбоев.

Президент ҳозиринро бо Соли нав табрик карда, ба кишвар ободиву субот ва ба ҳар хонадон сулҳу ҳамдигарфаҳмиро таманно кард.

Дар ин ҷашн «Маликаи ҳусни Қазоқистон – 2015” Алия Мергембоева Нурсултон Назарбоевро ба рақс даъват кард.

Хадамоти матбуотӣ зикр мекунад, ки тамоми маблағи аз ин ҷашни хайрия ба даст омада, ба бунёди «Ҷамъияти ихтиёрии «Шафқат” интиқол дода мешавад.

XS
SM
MD
LG