Ссылки доступа

Дар Тошканд Бобои Барфии «арзон» намондаст


Дар Тошканд арзиши даъвати Бобои Барфӣ ва Наберааш ба хона рӯзи 31 декабр ду миллион сӯм аст, дар дигар рӯзҳо – 150 ҳазор сӯм.

Дар бархе аз вилоятҳои Ӯзбекистон ба далели ҳамла ба Набераи Бобои Барфӣ ба хонаи сокинон мардҳо дар либоси Барфак ҳозир мешаванд ва ё Бобои Барфӣ ба танҳоӣ ба муборакбодии сокинон меравад.

Бисёре аз Бобоҳои Барфӣ гуфтаанд, рӯзи 31 декабр комилан банд ҳастанд ва метавонанд барои рӯзҳои дигар фармоиш гиранд. Намояндаи оҷонсии ташкили ҷашнҳои «Флора» дар Тошканд хабар дод, ки 31 декабр Бобои Барфӣ ва наберааш танҳо рӯзона метавонанд фармоиш гиранд. Соли гузашта мардҳои сархуш дар чанд маврид ба набераи Бобои Барфӣ ҳамла карда буданд.

«Бобоҳои Барфӣ низ зиёд нестанд. Ҳамаи онҳо асосан ба хонаи мансабдорон даъват шудаанд. Онҳо ба хонаи мансабдорон мераванд, вале маблағе ба даст намеоранд», - мегӯяд роҳбари яке аз театрҳои вилоятӣ.

Дар соли гузашта ҳодисаҳое ба қайд гирифта шудааст, ки Бобои Барфӣ бо наберааш аз мастии соҳибхонаҳо истифода бурда, дуздӣ кардаанд. Дар арафаи Соли нав мақомот ба сокинон тавсия доданд, ки Бобои Барфии ношинос ва набераашро ба манзил даъват накунанд.

XS
SM
MD
LG