Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон ҷаримаи шаробхорӣ дучанд шуд


Дар Ӯзбекистон сар аз 30 декабр ҷарима барои истифодаи машрубот дар ҷойҳои ҷамъиятӣ боло рафт.

Дар ин кишвар ҳамакнун истифода машрубот дар коргоҳҳо, кӯчаҳо, варзишгоҳҳо, хиёбонҳо, боғҳо, дар ҳамаи навъи нақлиёти ҷамъиятӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ 11 доллари амрикоӣ ҷарима дорад.

Такрорёбии ин қонунвайрокунӣ дар давоми сол то 15 рӯзи ҳабси маъмуриро дар пай хоҳад дошт.

Ба истифодаи машрубот дар базмҳои тӯёна, ҷашнҳо ва дигар ҷойҳои таҷлили маросимҳо, ҳамчунин дар тарабхонаҳо ва мағозаҳои машрубфурӯшӣ иҷозат дода шудааст.

XS
SM
MD
LG