Ссылки доступа

Дар Қирғизистон барои таҳқири чучук шаҳрванди Австралия боздошт шуд


Дар фурудгоҳи "Манас"-и Бишкек корманди австралиягии ширкати "Кумтор" Майкл Макфит боздошт шуд.

Вай дар сафҳаи худ дар Facebook ғизои қирғизии чучукро ба ҷузъи таносулии асп монанд кардааст. Дар ин бора раиси кумитаи марказии ҳимояи ҳуқуқи кормандони арсаи истихроҷи маъданҳои Қирғизистон Элдар Тоҷибоев хабар дод. Вай афзуд, ки шарҳи пеш аз солинавии Майкл Макфит боиси ғазаб ва эътирозҳои кормандони маҳаллӣ шудааст. Ба гуфтаи Элдар, ҳоло мавзӯи ба додгоҳ шикоят бурдан барои ҳимояи эътибори шаҳрвандони Қирғизистон баррасӣ мешавад.

Раҳбари кумитаи ҳуқуқи коргарон зикр кард, ки амали Макфит метавонад тибқи моддаи 299 Қонуни ҷазои кишвар баррасӣ шавад. Ин модда барои таҳқири эҳсосҳои қавмӣ, нажодӣ ва динӣ бо истифода аз расонаҳо аз 3 то 5 соли зиндон ҷазо муқаррар кардааст.

Ҳарчанд Макфит аллакай аз шаҳрвандони Қирғизистон дар сафҳаи Facebook узрхоҳӣ кардааст, аммо ҳамаи ҳуҷҷатҳои ин ҳодиса ба додситонии шаҳри Қаракӯл ирсол шудааст.

XS
SM
MD
LG