Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон барои сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷарима муқаррар шуд


Дар Ӯзбекистон афроде, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ сикор мекашанд, аз 3/1 ҳиссаи маоши ҳадди ақал, ки баробар ба 8 доллари ИМА аст, ҷарима мешаванд. Ин муқаррарот аз 1 январ ҷорӣ шуд.

Дар Ӯзбекистон бори аввал аст, ки барои сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷарима роҳандозӣ шуд. Тағйирот дар Кодекси ҷавобгарии маъмуриро 29 декабри соли 2015 президенти он кишвар Ислом Каримов имзо кард.

Тибқи қоидаҳои нав, сигоркашӣ дар коргоҳ, дар муассисаҳои тандурустӣ, таълимӣ ва муассисаҳои варзишиву солимгардонӣ, нуктаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷарима дар пай дорад.

Ёдовар мешавем, ки сигоркашӣ дар Ӯзбекистон тавассути қонун моҳи апрели соли 2012 манъ шуда буд, вале ба далели набудани назорати қатъӣ аз болои қонун ин меъёр то кунун амал намекард.

XS
SM
MD
LG