Ссылки доступа

Туркия алайҳи Русия ба СҶТ шикоят мебарад


Мақомоти Туркия барои шикоят бурдан ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат алайҳи таҳримҳои иқтисодии Русия ҳуҷҷат омода мекунанд.

Дар ин бора нашрияи Daily Sabah ба нақл аз вазири иқтисоди Туркия Мустафо Элитас хабар додааст.

Ба гуфтаи Мустафо, Анкара машғули ҷамъоварии далелҳои поймол кардани қоидаҳои СҶТ аз сӯи Маскав аст, то битавонад дар додгоҳ ҳуқуқи ширкатҳои аз таҳримҳо зиёндидаро ҳимоят кунад. Вазири иқтисоди Туркия гуфт, ки тиҷорат бояд дорои «асосҳои ахлоқӣ» бошад.

Соҳибкорони туркӣ ба ҳукумати Русия бовар карда, сармояи худро вориди он кишвар намуданд, гуфт Элитас ва ҳамкорӣ бо Русияро ба вазъи боду ҳаво муқоиса кард, ки гоҳо офтобӣ ва гоҳе борониву абрӣ аст. «Ҳангоми абрӣ муносибатҳои Русия ба талаботи меъёрҳои тиҷорати ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нестанд,» -- изҳор дошт вазири иқтисоди Туркия.

Таҳримҳои иқтисодии Русия алайҳи Туркия аз 1 январ эътибори қонунӣ пайдо карданд. Воридоти сабзавот, мева, гӯшт ва гӯшти мурғи туркӣ ба Русия манъ шуд. Маскав, инчунин, ширкатҳои Туркияро аз иҷрои корҳо ва хизматрасониҳои мушаххас, аз ҷумла сохтмон ва сайёҳӣ маҳрум кард. Муносибати ин ду кишвар баъд аз сарнагун шудани ҳавопаймои низомии Русия Су-24 аз сӯи Туркия дар охири моҳи ноябри соли 2015 ба сардӣ гароид.

XS
SM
MD
LG