Ссылки доступа

Financial Times ба сайёҳон тавсия дод, ки ба Қирғизистон раванд


Нашрияи бритониёии Financial Times ба хонандагони худ 7 кишвареро тавсия додааст, ки дар соли 2016 метавон ба он ҷо барои саёҳат рафт.

Дар ин рӯйхат номи Қирғизистон, Шри Ланка, Перу, Гренландия, Бразилия, Куба ва Африқои Ҷанубӣ шомил ҳастанд.

Ба иттилои нашрия, ин рӯйхатро ширкати Butterfield&Robinson, ки ба омӯзиши гардишгарӣ машғул аст, дар асоси пешниҳоди ширкатҳои пешгоми сайёҳӣ омода кардааст. Асосгузори оҷонсии сайёҳии Wild Frontiers Ҷоннӣ Бэлбӣ ба “Financial Times” гуфтааст, ки аксари сайёҳон мехоҳанд аз густариши рӯзафзуни зиндагии муосир фирор карда, ба маконҳои дурдаст сафар кунанд.

Барои ин ҳадафҳо Қирғизистон хеле мувофиқ аст. Ба қавли Ҷоннӣ, дар Қирғизистон нарх хеле арзон аст ва соли 2012 ҳукумати он кишвар низоми визаро бо аксари кишварҳои ҷаҳон бекор кард.

Ба ҷуз ин базаи лижаронии “Қарокӯл”, дар шарқи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон шомили рӯйхати 10-гонаи базаҳои лижаронии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шуд.

XS
SM
MD
LG