Ссылки доступа

Қазоқистон ба Қирғизистон нерӯи барқ медиҳад


Қирғизистон дар бораи харидории 100 мегаватт нерӯи барқ аз Қазоқистон қарордод имзо кард.

Дар ин бора нахуствазир Темир Сариев дар ҷараёни ҷаласаи сайёр дар нерӯгоҳи Токтогул хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар бузургтарин нерӯгоҳи кишвар садама рух дода ва кормандон талошҳои шабонарӯзӣ ба харҷ медиҳанд, ки оқибати садамаро бартараф созанд. Ин садама ҳушдор медиҳад, ки фурсати азнавсозии таҷҳизот дар ҳамаи нерӯгоҳҳои кишвар фаро расидааст.

Сариев ба масъулони нерӯгоҳҳо дастур дод, ки комиссияи махсус ташкил карда, вазъи ҳамаи нерӯгоҳҳоро бозрасӣ ва дар сурати зарурӣ нақшаи бозсозии банавбати онҳоро таҳия кунанд. Инчунин, дар сурати зарурӣ барои сохтмони нерӯгоҳҳои хурд озмун эълон шавад.

Пештар мушовири нахуствазири кишвар Кубанчибек Турдубоев хабар дода буд, ки ҳукумат дар бораи воридоти нерӯи барқ аз Қазоқистон музокирот мекунад ва қарордоди аввалия бо нерӯгоҳи ҳароратии Экибастуз имзо шудааст.

28 декабри соли гузашта дар пайи рехтани равған дар ноқилҳои барқгузари нерӯгоҳи Токтогул се чархаи тавлидкунандаи нерӯи барқи ин нерӯгоҳ аз кор монданд. Феълан танҳо ду чархаи он фаъол аст. Ба иттилои пешакӣ, корҳои барқарорсозӣ то 15 январ анҷом мешаванд.

XS
SM
MD
LG