Ссылки доступа

Барои маҳбасҳои Тоҷикистон чаҳоршанбе рӯзи махсус аст


Бахшҳои сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Тоҷикистон чаҳоршанберо "рӯзи бастани ақди никоҳи зиндониён" эълон карданд. Дар соли гузашта дар ду зиндони Душанбе 62 никоҳ сабт шудааст.

Бештари ин зиндониён оилаҳои худро тавассути телефон ва ё Интернет пайдо кардаанд. Рӯзи чаҳоршанбе Зарнигор, сокини 31-солаи шаҳри Душанбе бо шавҳараш, зиндонии маҳбаси №1 дар Душанбе никоҳ баст. Маросими никоҳи Зарнигор бе ҳузури хешовандон ва наздикон сурат гирифт. Муовини раиси зиндон ба унвони шоҳид аз тарафи домод ҳузур дошт.

Зарнигор гуфт, ки бо шавҳараш аз тариқи шабакаи иҷтимоии "Одноклассники" як сол қабл ошно шудааст. Шавҳари Зарнигор 33-сола аст ва панҷ сол инҷониб адои ҷазо мекунад. Ба гуфтаи вай, дар гузашта ду бор - дар 21-солагӣ ва 26 солагӣ - шавҳар карда буд, аммо ба сабабҳои гуногун никоҳаш пош хӯрдааст ва дигар касе ба хостгориаш наомадааст.

Қоидаҳои никоҳ барои зиндониён аз шаҳрвандони оддӣ фарқ мекунад. Барои сабти никоҳи зиндониён розигии волидони арӯс ҳатмӣ аст.

Дар миёни онҳое, ки бо зиндониён издивоҷ мекунанд, асосан занҳои аз 27-сола бузургтар мебошанд.

XS
SM
MD
LG