Ссылки доступа

Шветсия ва Дания марзҳояшонро назорат мекунанд


Дания рӯзи 4 январ эълон кард, ки дар марзаш бо Олмон назорати муваққатӣ ҷорӣ мекунад.

Нахуствазири ин кишвар Ларс Лёкке Расмуссен гуфт, кишварҳои Скандинавия марзҳояшонро мебанданд ва ин метавонад барои Дания оқибати нохуш ба бор орад. Ба қавли ӯ, ин метавонад боис ба зиёд шудани мавҷи муҳоҷирон ба кишвар гардад. Тавре оҷонсии иттилоотии France-Presse менависад, дар ҳоли ҳозир назорати сарҳадӣ барои даҳ рӯз ҷорӣ мешавад, аммо бо гузашти ин муҳлат мумкин аст назорат тамдид шавад.

Қаблан Шветсия дар марз бо Дания барои пешигирии вуруди мавҷи гурезагон тафтиши ҳуҷҷатҳоро оғоз кард. Ҳукумати Шветсия гуфт, ки наметавонад мавҷи азими муҳоҷиронро назорат кунад. Дар соли 2015 Шветсия барои 160 ҳазор гуреза ва Дания барои 18 ҳазор гуреза паноҳандагӣ додааст.

Вазорати корҳои хориҷии Олмон аз иқдоми Дания ва Шветсия барои ҷорӣ кардани назорат дар марзҳояшон интиқод кард. Вазорати корҳои хориҷии Олмон гуфт, ки ин ду кишвар мавҷудияти минтақаи Шенгенро зери суол мебаранд.

Дар соли гузашта бештар аз 1 миллион муҳоҷир ва гуреза ба Аврупо рафтаанд, ки аксари онҳо шаҳрвандони Сурия, Ироқ ва Афғонистон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG