Ссылки доступа

Тоҷикистон гузоштани мӯҳри апостил ба ҳуҷҷатҳоро шурӯъ кард


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи гузоштани нахустин мӯҳри апостил дар ҳуҷҷати шаҳрвандони кишвар хабар дод.

Баъд аз пайвастани Тоҷикистон ба аҳдномаи Гаага зарурати қонунӣ сохтани ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ аз байн бурда мешаванд.

Тибқи хабари департаменти иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, нахустин мӯҳри апостил 30 декабр дар ҳуҷҷати Некрӯз Оймаҳмадов гузошта шуд.

Раҳбари Сарраёсати бахши консулгарии Вазорати корҳои хориҷӣ Баҳром Холназаров ба нахустин соҳиби мӯҳри апостил номаи шодбошӣ дар робита ба ин ҳодисаи таърихиро супурдааст.

Апостил мӯҳрест, ки дар ҳуҷҷатҳои расмӣ гузошта мешавад. Ин мӯҳр далелест, ки ҳуҷҷати ба кишвари дигар интиқолшаванда қонунӣ аст ва дигар ниёз ба қонунӣ карданро надорад.

Тоҷикистон ба Аҳдномаи Гаага 20 феврали соли 2015 пайваст ва муқаррароти ин Аҳднома дар Тоҷикистон 31 октябри соли 2015 мавриди иҷро қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG