Ссылки доступа

Украина дар соли гузашта 14 дрони Русияро задааст


Дар соли 2015 ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия 240 бор аз марзи Украина убур карда ва 14 ҳавопаймо маҳв карда шуд, омадааст дар посухи Ситоди кулли Украина ба дархости Радио Озодӣ.

"Дар соли 2015 дар маҷмӯъ бештар аз 31 ҳазор мавриди вайрон кардани ҳарими ҳавоӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 490 маврид вайрон кардани марзи давлатии Украина мебошанд. 240 маврид ба убури марз аз сӯйи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Русия рабт доранд", - гуфта шудааст дар хабари Ситоди кулл.

Тибқи иттилои расмӣ нерӯҳои мушакии Украина 14 ҳавопаймои бесарнишинро маҳв карданд.

Пештар низомиёни Украина гуфта буданд, ки ҳавопаймоҳои бесарнишини русӣ дар Украина амалиёти ҷосусӣ анҷом медиҳанд. Украиниҳо гуфта буданд, ки бо кумаки ҳавопаймоҳои бесарнишин ҷудоихоҳон самти тӯппаронии худро мушаххас мекунанд. Дар моҳи феврали соли 2015 низомиёни украинӣ ба хабарнигорон ҳавопаймои бесарнишини навъи "Орлан-10"-ро, ки дар Донбасс маҳв шуда буд, намоиш дода буданд.

XS
SM
MD
LG