Ссылки доступа

Пулиси Тошканд як ҳамҷинсгароро латту кӯб кард


Навори видеоие, ки дар он кормандони пулиси Ӯзбекистон як “транссексуал” ва “ошиқон”-и ӯро лату кӯб мекунанд, ба пурбинандатарин видеои Интернет табдил ёфт.

Дар навори видеоие, ки бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ аз хонандагонаш дарёфт кард, рейди кормандони пулиси шаҳри Тошканд дар яке аз фоҳишахонаҳо сабт шудааст. Дар ин навор дида мешавад, ки пулис ба яке аз ҳуҷраҳои фоҳишахона дохил шуда, бо дашному ҳақорат марди транссексуал (фарде, ки ҷинсашро иваз мекунад) ва ду “ошиқ”- ӯро латту кӯб мекунанд.

Садои марди транссексуал, ки таҳпӯши занона дар тан дорад, дар навор шунида мешавад. Мард аз пулис хоҳиш мекунад, ки ӯро раҳо созанд. Вале пулис дар посух мардро лату кӯб карда ва мегӯяд, ки “ҳоло бо ҳамин шакл ба шӯъбаи пулис меравӣ”.

Ду марди ҳамҷинсгаро, ки дар утоқ буданд, низ латту кӯб мешаванд. Тибқи қонунҳои Узбакистон, тамоюл ба алоқаи ҷинсии ғайри анъанавӣ таъқиб мешавад. Вале қонунҳои он кишвар, инчунин, хушунати пулис алайҳи ҳамҷинсгароҳоро манъ мекунад.

XS
SM
MD
LG