Ссылки доступа

Даҳҳо ҷасади муҳоҷирон аз соҳили баҳри Эгей пайдо шуд


Дар соҳили баҳри Эгей дар Туркия дасти кам ҷасади 34 муҳоҷире, ки ба ҷазираи Лесбоси Юнон ҳаракат доштанд, пайдо шуд.

Қайиқҳои резинии ин муҳоҷирон дар мавҷи пурталотуми баҳр рӯгардон шудааст. Хабар дода мешавад, ки миёни фавтидагон занҳо ва кӯдакон ҳастанд. Ҷасадҳо дар истироҳатгоҳҳои Айвалик ва Дикилӣ пайдо шудаанд.

Муҳофизони соҳилии Туркия ба ҷустуҷӯи зиндамондагон баромаданд. Ҳашт муҳоҷир зинда дарёфт шуд. Дар бораи шаҳрвандии муҳоҷирон ҳанӯз иттилое мавҷуд нест. Дикилӣ ва Айвалик дар фосилаи 50 км аз ҳамдигар қарор доранд ва дар масири муҳоҷироне, ки ба Юнони Аврупо ҳаракат мекунанд, хуфтаанд. Дар соли гузашта аз ин масир 850 ҳазор муҳоҷир убур кардааст.

XS
SM
MD
LG