Ссылки доступа

Дар Афғонистон амалиёт алайҳи Толибон идома дорад


Дар вилояти Ҳилманди Афғонистон, дар ноҳияи Марҷа амалиёт алайҳи толибон идома дорад.

Ин амалиётро неруҳои давлатии Афғонистон бо кумаки неруҳои вижаи амрикоӣ анҷом медиҳанд.

Пештар дар бораи марги як сарбози амрикоӣ ва ду маҷруҳ хабар дода шуда буд. Ҳамчунин чанд сарбози афғон ҷароҳат бардоштааст. Рӯзи сешанбе дар Кобул таркиш рӯй дод. Ба иттило мақомот, маводи тарканда дар дохили мошин ҷо шуда буд. Ин таркиш дар минтақае, ки сафоратхонаҳои хориҷӣ ҷойгир ҳастанд рух дод. Рӯзи душанбе даҳҳо нафар қурбони ду таркиши Кобул шуданд.

XS
SM
MD
LG