Ссылки доступа

“Давлати исломӣ” сеяки қаламрави ишғолкардаашро аз даст додааст


Эътилофи мубориза бо гурӯҳи ифротгарои "Давлати исломӣ" ба раҳбарии ИМА мегӯяд, ки аз соли гузашта ДИ қариб сеяки қаламрави таҳти назораташ дар Ироқ ва Сурияро аз даст додааст.

Намояндаи расмии эътилоф полковник Стив Уоррен рӯзи сешанбе гуфт, ки ДИ то 40 дарсади қаламрави таҳти назораташ дар Ироқ ва қариб 20% қаламрав дар Сурияро аз даст додааст. Уоррен афзуд, ки ҳоло ДИ дар вазъи ҳимоякунанда қарор гирифтааст.

Бо мусоидати зарбаҳои ҳавоии эътилоф гурӯҳҳои мухолифи курдӣ ДИ-ро аз вилояти Синҷар ва чанд минтақаи дигар дар шимоли Ироқ ва ҳамчунин ноҳияҳои ҳаммарзи Сурия бо Туркия берун кардаанд. Дар қисмати марказии Ироқ нерӯҳои давлатӣ якҷо бо гурӯҳҳои шиамазҳаб шаҳри Тикритро аз ДИ озод карданд. Дар моҳи гузашта онҳо тавонистанд ДИ-ро аз қисмати бузурги шаҳри Рамодӣ, маркази вилояти Анбар берун кунанд. Ба гуфтаи Стив Уоррен далели чунин вазъ он аст, ки ДИ нисбат ба пешина заиф шудааст. Вай зикр кард, ки ДИ аз моҳи майи соли гузашта қаламрави наверо тасарруф накардааст.

Бо ин вуҷуд то ҳол қаламрави бузурги Сурия ва қисмати бузурги ноҳияҳои шимолӣ ва ғарбии Ироқ бо шумули дувумин шаҳри бузурги ин кишвар - Мосул таҳти назорати ДИ боқӣ мондаанд.

XS
SM
MD
LG