Ссылки доступа

Куриёӣ Шимолӣ бомбаи ҳидрогениро озмоиш кард


Куриёӣ Шимолӣ субҳи 6 январ бомбаи нави ҳидрогениро озмоиш кард.

Субҳи 6 январ хадамоти геологӣ заминларзаи 5,1 баллиро, ки дар 49-километрии машқгоҳи Пангги-ри рух додааст, ба қайд гирифтанд. Дар наздикиҳои ин иншоот Куриёи Шимолӣ пештар се озмоиши силоҳи ҳастаияшро анҷом дода буд.

“Телевизиони расмии Куриёи Шимолӣ бо гузашти чанд соат аз озмоиши бомбаи ҳидрогенӣ хабар дод,” - менависад нашрияи The Guardian. Куриёи Шимолӣ озмоиши бомбаи ҳидрогениро “ҳаққи истиқлолии” худ дониста гуфтааст, ки ин бомба барои ҳифзи кишвар аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико лозим аст. “Агар ИМА ба мустақилияти Куриёи Шимолӣ таҳдид накунад, пас, зарурати истифодаи ин силоҳ аз байн меравад,” - изҳор доштаанд мақомоти Куриёи Шимолӣ.

Президенти Куриёи Ҷанубӣ барои баррасии масоили амниятӣ ҷаласаи фаврӣ баргузор кард. Чунин ҷаласа дар вазорати мудофиаи ИМА баргузор шуда, ин ҳодисаро меомӯзад.

Куриёи Шимолӣ то кунун се бор – дар соли 2006, 2009 ва 2013 силоҳи ҳастаияшро озмоиш кардааст.

XS
SM
MD
LG