Ссылки доступа

Русия надодани виза ба сарнишинони ширкатҳои туркиро рад мекунад


Русия иттиҳоми Анкараро, ки мегӯяд, ин кишвар ба сарнишинони ҳавопаймои туркии буҷавии Pegasus раводид надодааст, рад кард.

Москва аз 1 январ равуои шаҳрвандони Туркияро бидуни раводид манъ кардааст.

Вазири нақлиёти Туркия Бинали Йилдирим Русияро ба далели надодани раводид ба сарнишинони хати сайри Pegasus, дар вайрон кардани иртиботи ҳавоӣ муттаҳам карда, парвозҳо ба ин кишварро то 13 январ қатъ кард.

Вазорати корҳои хориҷии Русия мегӯяд, ширкати туркӣ ба консулгарии Русия дар Истамбул танҳо 6 январ муроҷиат кардааст. ВКХ Русия ҳамчунин гуфт, ширкати Onur Air, ки парвозҳояш ба Русияро то 14 январ қатъ кардааст, умуман барои дарёфти раводид муроҷиат нанамудааст.

XS
SM
MD
LG