Ссылки доступа

Дар Қирғизистон эҳтимол дорад фоида аз қарзҳо пасттар шавад


Баъди арзёбии вазъи молии Қирғизистон аз сӯйи агентии Moody's, пойин рафтани фоида аз қарзҳои бонкӣ дар кишвар пешбинӣ мешавад.

Ин эҳтимолро мудири Пажӯҳишгоҳи миллии таҳқиқоти стратегӣ Талант Султонов матраҳ кард. Вай ёдовар шуд, ки дар аввали моҳи декабр агентии Moody's ба Қирғизистон мақоми В2 - арзёбии "мӯътадил"-ро дод.

Ба гуфтаи Султонов, пештар Қирғизистонро сармоягузорони хориҷӣ кишвари хатарзо унвон мекарданд ва ба ин сабаб ба ҷои 1 ва ё 3 фоизи бозпас гирифтани маблағҳои воридкарда, онҳо фоидаи 10-20 фоиза талаб мекарданд.

Султонов зикр кард, ки ҳамакнун шакли бетарафонаи арзёбии хатарҳо роҳандозӣ шуда ва сармоягузорони хориҷӣ ба бонкҳои кирғизӣ ва муассисоти қарзӣ ва ба ин тартиб ба тоҷирон ва аҳолии кишвар бо фоидаи пасттар қарз пешниҳод мекунанд. Дар Қирғизистон дар ниҳодҳои мухталифи молӣ фоидаи қарзҳо аз 28% то 36% фарқият дорад.

XS
SM
MD
LG