Ссылки доступа

Киев ҷудоихоҳонро дар вайрон шудани оташбас айбдор мекунад


Шоми гузашта низомиёни украинӣ эълон доштанд, ки нерӯҳои ҷудоихоҳон дар шарқи Украина муқаррароти оташбасро борҳо вайрон карданд.

Бештари мавридҳои тирпарронии ҷудоихоҳон дар самти Горловско-Светлодар ба қайд гирифта шудааст. Тирпарронӣ тавассути пулеметҳо ва аслиҳаи дигари сабук ба сӯйи мавқеъҳои нерӯҳои ҳукуматӣ дар минтақаи Новгород, Зайтсево, Мироновский, Луганск ва Троитск сурат гирифтааст.

Дар ситоди нерӯҳои украинӣ дар Донбасс зикр карданд, ки "дасисаи" бузургтар "тирпарронии нишонраси" мавзеоти нерӯҳои ҳукуматӣ дар минтақаи Майорск будааст. Тирпарронӣ ним соат аз минометҳо ва гранатометҳои навъҳои мухталиф идома дошт, хабар медиҳад "Украинская правда".

Нерӯҳои мусаллаҳи Украина, ки дар шарқи кишвар "амалиёти зиддитеррористӣ" (АЗТ) анҷом медиҳанд ва ҷудоихоҳони мусаллаҳи русгаро пеш аз фарорасии соли нав миёни худ барои давраи ҷашни солинавӣ оташбас эълон карданд. Бо ин вуҷуд аз оғози соли нав ҳар ду ҷониб ҳамдигарро пайваста дар вайрон кардани муқаррароти оташбас айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG