Ссылки доступа

Ниҳодҳои махсуси Ӯзбекистон суръати Интернетро суст кардаанд


То ҳоло мақомоти Ӯзбекистон наметавонанд посух диҳанд, ки чаро суръати Интернет дар кишвар дар тӯли ним соли охир суст шудааст.

Аммо коршиносони арсаи интернет ба ин назаранд, ки суръати алоқа дар пайи талошҳои ниҳодҳои махсус барои таҳти назорат қарор додани тамоми алоқаи интернетӣ сурат гирифтааст.

Бадшавии суръати Интернетро шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳанӯз дар моҳи июни соли 2015 эҳсос карданд. Он замон бештари пойгоҳҳои онлайнӣ ва махзанҳои видеоӣ ва паёмакрасонҳое монанди Skype ва Viber, ки дар миёни муҳоҷирони ӯзбек дар хориҷи кишвар барои тамос бо хешовандонашон аз маҳбубият бархӯрдор буданд, тақрибан аз фаъолият бозмонданд.

Баъд аз ду моҳ ширкати давлатии "Ӯзбектелеком", ки тавассути махзани ягонаи он тамоми мавҷи алоқаи интернетии кишвар мегузарад, эълон кард, ки ин мушкил "ба сабаби корҳои таъмирӣ дар хатҳои алоқа рух додааст".

Ширкат ваъда дод, ки ин мушкил то охири моҳи август бартараф карда мешавад, аммо ин кор рух надод. "Ин як кори фаннӣ аст ва базудӣ ҳамааш бартараф мешавад. Ҳамаи талошҳо барои ба муштариёни Ӯзбекистон пешниҳод кардани хадамоти хуб анҷом дода мешаванд. Муддате зарур аст ва ҳамааш хуб мешавад", - гуфта буд дар моҳи сентябр Александр Сучков, сардабири маҷаллаи UzinfoCom, ки моли ширкати "Ӯзбектелеком" мебошад.

Аз он замон ширкати яккатоз дар бозори алоқаи Ӯзбекистон се маротиба чунин ваъда дод. Тибқи баёнияи ахир, ки 3 январ нашр шуд, суръати сусти интернет дар Ӯзбекистон боз ду моҳи дигар боқӣ мемонад.

"Ӯзбектелекол" шарҳ намедиҳад, ки чӣ таҷҳизоте аз кор баромада ва чӣ корҳое анҷом дода мешаванд. Дар ҳамин ҳол коршиносони арсаи интернет гумон мекунанд, ки бадшавии алоқаи интернетӣ ба талоши мақомот барои назорати тамоми мавҷи интернет вобаста аст.

XS
SM
MD
LG