Ссылки доступа

Нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ ба поинтарин арзиши 11 соли охир расид


Хабарҳое, ки аз Куриёи Шимолӣ дар робита ба озмоиши бомбаи ҳидрогенӣ мерасанд, ба бозори маҳсулоти хом фишорҳои иловагӣ ворид карданд.

Арзиши нафт рӯзи чаҳоршанбе ба пойинтарин нуқтаи 11 соли охир расид. Фючерҳо барои нафти навъи Brent 35 доллару 7 сент пешниҳод карданд.

Арзиши нафт аз 115 доллари моҳи июни соли 2014 баъди ба бозор баровардани нафти слантсевии ИМА пойин рафт. Дар робита ба ин бархе аз истихроҷкунандагони нафт истихроҷи нафтро зиёд карданд, то саҳми худро дар бозор ҳифз намоянд.

Ташаннуҷи ҷаҳони араб баъд аз эъдоми шайхи шиа дар Арабистони Саудӣ ба коҳиши нархи нафт боис шуд.

Тавре хабаргузории Reuters менависад, танишҳои Арабистони Саудӣ бо Эрон имкони ҳамкории истихроҷкунандагони нафтро аз байн бурдааст. Истихроҷкунандагон наметавонанд дар муттаҳидӣ нархи нафтро коҳиш диҳанд.

XS
SM
MD
LG