Ссылки доступа

Қазоқистон иншооти давлатиро ба фурӯш гузошт


Ҳукумати Қазоқистон 30 декабри соли 2015 рӯйхати ширкатҳо ва корхонаҳоеро, ки бояд хусусӣ шаванд, тасдиқ кард.

Миёни онҳо – ширкати миллии атомии “Казатомпром”, “КазМунайГаз”, “Казпочта”, ширкати ҳавоии “Эйр Остона” ва Qazaq Air, "Казахтелеком", инчунин, бандари байналмилалии баҳрии Актауск ва як қатор ширкатҳои дигар мавҷуд ҳастанд.

Қарор дар ин робита дар сомонаи Вазорати иқтисоди миллии Қазоқистон 6 январ нашр шуд.

Дар ин рӯйхат корхонаи "СК-Фарматсия", "Самрук-Энерго", ширкати миллии "Казахстан инжиниринг", чанд истироҳатгоҳ, киностудияи Қазоқфилм ва ғайра шомил ҳастанд.

Дар моҳи октябр Қазоқистон бори аввал расман эълон кард, ки барои пур кардани буҷаи кишвар эҳтимол се корхонаи коркарди нафтро ба фурӯш гузорад.

XS
SM
MD
LG