Ссылки доступа

Хадамоти видеоии Netflix дар Қирғизистон дастрас шуд


Хадамоти видеоии амрикоии Netflix маҳдудаи пахши худро дар 130 кишвари дигар, аз ҷумла дар Қирғизистон густариш дода, тақрибан барои ҳамаи кишварҳои ҷаҳон дастрас шудааст.

Дар мавриди густариши ин хадамот 6 январ мудири кулли ширкат Рид Хастингс зимни суханронии худ дар намоишгоҳи Consumer Electronics Show (CES) дар Лас Вегас хабар дод.

“Имрӯз мо шоҳиди тавлиди шабакаи нави телевизиони байналмилалии интернетӣ ҳастем. Густариши хадамот ба корбарон имкон медиҳад, ки дар тамоми ҷаҳон – аз Сингапур то Санкт-Петербург, аз Сан-Франсиско то Сан-Пауло – ҳамзамон бидуни интизорӣ филмҳо ва барномаҳои телевизионӣ бубинанд”, - гуфтааст Хастингс.

Миёни ин 130 кишвар ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин Русия (ба ҷуз аз Қрим) шомил ҳастанд. Моҳи аввали истифодабарии ин хадамот ройгон буда, баъдтар истифодаи ин хадамот аз 5 то 20 доллари ИМА арзиш хоҳад дошт.

Netflix соли 2007 таъсис шуда, дар ИМА ва Канада пахш мешуд. Баъдтар ба 60 кишвар роҳ ёфт.

XS
SM
MD
LG