Ва на камтар аз 100 каси дигар ҷароҳат бардошт. Ин ҳамла яке аз хунинтарин ҳамлаҳо баъди барканории режими Муаммар Қаззофӣ мебошад. Қаззофӣ дар соли 2011 дар пайи эътирозҳои мардумӣ барканор шуд.
Бо гузашти чанд соат аз таркиш як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро ба сӯи нуктаи назоративу гузаргоҳии Рас-Лануф - бандари бузургтарини нафтии шимоли Либиё равона кард. То кунун ҳич гуруҳе ин таркишро ба зима нагирифтааст. Аммо эҳтимол меравад “Давлати исломӣ” дар ин таркиш даст дошта бошад. Нуфузи ин гуруҳ дар Либиё, ки баъди табадулот гирифтори бесарусомонӣ шудааст, меафзояд.