Ссылки доступа

Бештар аз миллион муҳоҷирро Олмон соли гузашта пазируфта аст


Вазорати корҳои дохилии Олмон дирӯз гуфт, аз январ то декабри соли 2015 дар ин кишвар 1,1 миллион гуреза сабти ном шудааст.

40 дарсади ин тоифа, ё 428 468 нафар шаҳрвандони Сурия ҳастанд, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ фирор кардаанд. Аз Афғонистон 154 ҳазору 46 гуреза ва аз Ироқ 121 ҳазору 662 паноҳанда ба Олмон ворид шудааст.

Дар маҷмуъ дар соли 2015 нисбати соли 2014 ба ин кишвар панҷ маротиба бештар муҳоҷир ворид шудааст. Олмон яке аз кишварҳои қавии иқтисодии Аврупо аст, ки бештари муҳоҷирон мехоҳанд он ҷо бираванд.

Мавҷи бузурги муҳоҷирон сокинони Олмонро ба ду гуруҳ тақсим кард. Канслери ин кишвар Ангела Меркел барои сиёсати “дарҳои бозаш”, ки гурезагонро пазируфт, зери борони танқид қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG