Ссылки доступа

Нахустин хишт аз тилои кони Покрӯд рехта шуд


Ширкати чинии CNG баъд аз се соли оғози корҳои истихроҷӣ дар кони Покрӯд дар Тоҷикистон аз тилои ин кон хишти тилоӣ рехт.

Гуфта мешавад, ки ин корхонаи коркарди тило метвонад ҳамасола 2 тонна тило истихроҷ кунад ва аз соли 2018 мехоҳад ҳаҷми истихроҷи ҳамасолаи тило дар ин корхонаро то ба 4 тонна расонад. Барои мисол, ҳоло Тоҷикистон ҳамасола қариб 2,5 тонна тило тавлид мекунад.

CNG танҳо ширкати чинӣ дар Тоҷикистон нест, ки ба истихроҷи тило машғул мебошад. Соли 2014 ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки бар ивази сохтмони маркази гармидиҳиву тавлиди барқ дар Душанбе як кони тило, воқеъ дар ноҳияи Айниро дар ихтиёри ширкатҳои чинӣ қарор додааст.

Истихроҷи тило як бахши муҳими саноати Тоҷикистон дониста мешавад. Ҳоло дар Тоҷикистон 15 кони тило бо захираи қариб 400 тонна муайян шудааст. Бештаре аз ин конҳо дар қисмати шимолии кишвар воқеъ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG