Ссылки доступа

Олмон мавридҳои ҳамлаи муҳоҷирон ба занҳоро таҳқиқ мекунад


Вазири адлияи Олмон Хайко Маас гуфт, муҳоҷироне, ки даст доштанашон ба ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла ҳамла ба занҳо дар Келн собит шавад, ба ҷойи дар Олмон паноҳанда шудан, аз ин кишвар истихроҷ мешаванд.

Даҳҳо зан дар Келн ба пулис шикоят карданд, ки дар остонаи фарорасии Соли нав мавриди ҳамлаҳои шаҳвонӣ ва дуздӣ қарор гирифтаанд. Тибқи ин шикоятҳо ошкор шудааст, ки бештаре аз ин ҳамлаҳо дар маҳаллаи истгоҳи қатор рух додааст.

Пулис мегӯяд, тибқи баёноти шоҳидон ҳамлагарон арабнажод ва африқоӣ будаанд. Ҳамзамон маъмурони пулис мегӯянд, ки дар бораи шахсияти ҳамлагарон хулосабарорӣ кардан ҳанӯз барвақт аст.

16 нафар дар робита ба ин ҳамлаҳо мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Ҳанӯз касе боздошт нашудааст.

Пештар ҳамлаҳои ба ин монанд дар Гамбург, Штутгарт ва Франкфурт рух дода буданд.

XS
SM
MD
LG