Ссылки доступа

Гурезаи ӯзбек дар ИМА зиндонӣ шуд


Дар ИМА як гурезаи ӯзбек дар таҳияи ҳамла ба академияи низомии амрикоӣ айбдор дониста шуда, ба 25 соли зиндон ва сипас ба ихроҷ маҳкум шуд.

Чунин ҳукмро дар нисбати Фазлиддин Қурбонов додгоҳ рӯзи панҷшанбе содир кард. "Маҳкумшуда мехост дар қаламрави Иёлоти Муттаҳида ҷиҳод кунад. Вай ҳадаф дошт дар ИМА бомбаеро ба гунаи ҳамлаҳои моҳи сентябри соли 2001 тарконад", - гуфт судя Эдвард Лоҷ зимни эълони ҳукми Қурбонов.

Фазлиддин Қурбонов, ронандаи мошини боркаш, ки Ӯзбекистонро соли 2009 тарк кардааст, гуфт, террорист нест ва ба касе зарар нарасонидаву ин гуна ҳадаф ҳам надоштааст. Додситон гуфт, Қурбонов "ҷиҳодӣ" аст ва бо созмони террористии "Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон" иртибот дорад. Вай аз ҷумла воридоти ҷузъҳои таҷҳизоти таркандаро анҷом додаст. Ба гуфтаи додситон, Қурбонов ҳадаф доштааст ба муассисаҳои низомӣ, аз ҷумла ба академияи низомии West Point ҳамла кунад.

XS
SM
MD
LG