Ссылки доступа

Ҷон Керрӣ ва Зариф созишномаро баррасӣ карданд


Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ гуфт, ки созишномаи ҳастаии миёни Эрон ва кишварҳои абарқудрат дар сурати мусбат ҳал шудани корҳо, дар зудтарин фурсат метавонад амалӣ шавад.

Ҷон Керрӣ дирӯз ба хабарнигорон гуфт, ки бо вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф сӯҳбати телефонӣ доштааст.

Ҷон Керрӣ аз суханони Зариф, ки гуфтааст Эрон мехоҳад "ҳарчӣ зудтар" вазифаҳои худро иҷро кунад, истиқбол кард. Дар посух Ҷон Керрӣ афзудааст, ки Иёлоти Муттаҳида низ ҳамин ҳадафро дорад. Вай аз фиристодани захираи урани ғанишудаи Эрон ба Русия истиқбол карда, зикр кард, ки ин иқдом барномаи ҳастаии Эронро дуртар месозад.

Тибқи созишномаи ҳастаии миёни Эрон ва шаш кишвари абарқудрат, ки моҳи июли соли гузашта имзо шуда буд, Теҳрон ба маҳдудсозии барномаи ҳастаии худ розӣ шуд. Дар ивази ин кор ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳримҳои зиддиэрониро қатъ месозанд.

XS
SM
MD
LG