Ссылки доступа

Одил бо “рэпи русии” худ Русия ба ҳайрат овард


Скриптонит (сарояндаи навъи вижаи мусиқии Рэп) – Одил Ҷалилов аз Қазоқистон дар Русия рэпсарои сол унвон шуд.

Сарояндаи номашҳур аз Павлодари Қазоқистон давоми як сол бо албоми худ ба рэпи русӣ тағйироти куллӣ овард.

Рэпсаро Одил Ҷалилови 25-сола ҳамакнун дар Москва зиндагӣ мекунад. Декабри соли гузашта вай нахустин маҷмуаи таронаҳои худро таҳти номи “Хонаи рӯйдодҳои табиӣ” муаррифӣ кард, ки дар Русия рӯйдоди муҳими санъати мусиқии ҷаҳонӣ дар соли 2015 ва яке аз маҷмуаҳои таъсирбахш ба забони русӣ унвон гирифт.

Таронаҳои нахустин маҷмуаи вай ба зодгоҳаш шаҳри Павлодар бахшида шудааст. Тавре Одил месарояд, “ба равзанаи мо манзараҳои зебо намоён нест”. Ин ибораро танҳо баъди комилан гӯш кардани маҷмуа қобили дарк аст. Дар оғози маҷмуа садоҳо аз Қазоқистон сабт шудааст.

Дар гуруҳи расмии Скриптонитҳо дар шабакаи иҷтимоии “Вконтакте” хабар дода мешавад, ки суруди Одил бо номи “Ин ишқ аст” аз маҷмуаи “Хонаи рӯйдодҳои табиӣ” ба озмуни “Оҳанги Сол” пешбарӣ шудааст. Овоздиҳӣ 18 январ шуруъ мешавад.

XS
SM
MD
LG