Ссылки доступа

Русуя то кунун ташхиси руҳии Шербаковро анҷом надодааст


Номяндагони додгоҳи низомии гарнизони 09-уми пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия мегӯянд, ташхиси руҳии Иван Шербаков – афсаре, ки дар қатли Шоира Ҷобироваи 22-сола айбдор мешавад, ҳанӯз ба охир нарасидааст.

Ба ин хотир, ҳабси пешакии Шербаков то моҳи феврал тамдид шудааст.

Қаблан ин додгоҳ гуфт буд, ки Иван Шербаков дар ибтидои моҳи декабр дар Екатеринбурги Русия бистарӣ шудааст ва ташхиси руҳии вай моҳи январ ба охир мерасад.

Додгоҳи ҳарбии гарнизони 109-уми пойгоҳи 201-уми Русия ба Иван Шербаков барои “куштори барқасдона” тибқи моддаи 105, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Русия айб эълон кардааст.

Манбаъи наздик ба тафтишот гуфт, агар айби вай исбот шавад, Шербаков аз 6 то ба 15 соли зиндон маҳкум хоҳад шуд.

Лейтинанти калони пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон Иван Шербаков дар куштори сокини 22 Душанбе Шоира Ҷобирова гумонбар дониста мешавад. Ҷасади Шоира Ҷобирова субҳи 11 ноябр ба наздиконаш супорида шуд. Тибқи иттилои тафтишот, куштор 5 ноябр дар ҳудуди пойгоҳи 201-уми Русия дар Душанбе сурат гирифтааст. Аммо ҷасади Шоира 9 ноябр баъди муроҷиати наздиконаш пайдо гардид.

XS
SM
MD
LG