Ссылки доступа

Дастгоҳи президенти Русия моликияти Януковичро дар Қрим соҳиб шуд


Қароргоҳи нотамоми президенти пешини Украина Виктор Янукович дар Қрим ба дастгоҳи президенти Русия интиқол дода мешавад. Дар ин бора оҷонсии FlashCrimea хабар медиҳад.

Пештар хабар дода шуда буд, ки сохтмон ба ихтиёри Севастопол дода мешавад ва баъди ба итмом расидани сохтмон он ҷо истироҳатгоҳ таъсис дода мешавад.

Оҷонсӣ бо такя ба расонаҳои Украина, менависад, ки соли 2007 сохтори наздик ба фарзанди калонии президенти собиқ Александр Янукович истироҳатгоҳи “Мис Айя” замини марбут ба онро, ки 3,5 гектарро ташкил медиҳад, бо қимати 1 миллиону 200 ҳазор доллар харидорӣ кард. Дар ҳоли ҳозир сохтмони қароргоҳи президент дар ҳудуди истироҳатгоҳ қатъ шудааст.

XS
SM
MD
LG