Ссылки доступа

Дар Кёлн пулис бо фаъолони PEGIDA бархурд кард


Дар шаҳри Кёлни Олмон пулис бо эътирозгарони ростгаро бархурд кард.

Фаъолони ҳаракати PEGIDA, ки бо муҳоҷирон мухолифат доранд, алайҳи ҳамлаи дастаҷамъии шаби соли нав, ки гурезагон ҳам дар он даст доштанд, тазоҳурот баргузор карданд. Рӯзи шанбе ҳизби канслери Олмон Ангела Меркел пешниҳод кард, ба қонунҳое, ки барои гурезагон паноҳандагӣ медиҳанд, тағйирот ворид шавад.

Ҳизби Ангела Меркел бо ин пешниҳод мехоҳад ба ҳукумат иҷозат дода шавад, то муҳоҷироне, ки ба такрор ҷиноятҳои сабук содир мекунанд, аз кишвар хориҷ шаванд. Дар сурати қабул шудани ин тағйирот, мақомот метавонад муҳоҷиронеро, ки чанд маротиба ҷиноятҳои сабук содир кардаанд, аз кишвар хориҷ созад. Аз миёни 30 боздоштшуда бо иттиҳоми ҳамла дар Кёлн 18 нафарашон гурезагон будаанд. Сардори пулиси шаҳрӣ барои нотавониаш дар назорати вазъият аз мақом барканор шуд.

Ба пулиси шаҳри Кёлн бештар аз 100 шикоят ворид шуд. Бештари ин шикоёт аз занҳое буданд, ки аз мавридҳои хушунати шаҳвонӣ ва дуздӣ ба пулис шикоят бурда буданд. Чунин ҳамлаҳо дар Ҳамбург, Штутгарте ва Франкфурт низ сурат гирифтааст. Дар соли 2015 ба Олмон қариб 1 миллиону 100 ҳазор гуреза ворид шуданд ва ба иттилои мақомоти ин кишвар, наздики як миллион гурезаи дигар мехоҳад дар соли 2016 ба ин кишвар ворид шавад.

XS
SM
MD
LG