Ссылки доступа

Ҳавопаймои бомбаандози ИМА дар ҳарими Куриёи Ҷанубӣ парвоз кард


Иёлоти Муттаҳида ҳавопаймои бомбаандози стратегии В-52-ро дар қисмате аз ҳудуди Куриёи Ҷанубӣ ба парвоз даровард.

Ин парвоз баъди чанд рӯзи озмоиши бомбаи ҳидрогении Куриёи Шимолӣ сурат мегирад.

Оҷонсии марказии иттилоотии Куриёи Шимолӣ рӯзи якшанбе аз роҳбари ин кишвар Ким Чен Ин нақли қавл кард, ки озмоиши ахири ядроӣ як қадами дигар ба сӯи худдифоии минтақа аз “таҳдидҳои ҷанги ядроиест, ки империалистоне бо сардории ИМА эҷод мекунанд”.

Президенти ИМА Барак Обама дар пасманзари хабарҳои озмоиши бомбаи ҳидрогении Куриёи Ҷанубӣ гуфта буд, ки амнияти Куриёи Ҷанубӣ ва Ҷопонро Амрико таъмин хоҳад кард. Обама ҳамчунин гуфт, алайҳи Куриёи Шимолӣ иқдомҳои қатъӣ роҳандозӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG