Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаҳои иҷтимоӣ дубора маҳдуд шуд


Маҳдудияти дастрасӣ ба сомонаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ҳамакнун ба гунаи маҳдудият дар истифодаи нерӯи барқ сурат мегирад.

Аз лағви маҳдудияти ахири дастрасӣ ба сомонаҳои иҷтимоии "Фейсбук", "Одноклассники", "ВКонтакте" ва пойгоҳи видеоии Ютуб як ҳафта ҳам нагузашта, дубора дастнорас шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ба ин маҳдудиятсозиҳо рабте надоранд ва эҳтимол дорад ин маҳдудиятҳо дар пайи мушкилоти фаннӣ ва таъмир сар зада бошад. Дар бештаре аз мавридҳо қатъи интиқоли нерӯи барқ дар яке аз ноҳияҳои Тоҷикистон ба гуфтаи мақомот ба ҳамин сабаб, яъне мушкилоти фаннӣ ё корҳои тармимӣ вобаста аст. Соли 2015 ба гунаи солҳои пеш барои корбарони шабакаи ҷаҳонӣ соли истисноӣ нашуд. Давоми ин сол низ дастрасӣ ба сомонаҳои иҷтимоӣ ва хабарӣ пайваста маҳдуд мегардид.

Дар ҳафтаи гузашта дар шабакаи интернетӣ барои тамошои аксҳо ва наворҳои видеоӣ аз зиёрати Каъба аз сӯйи раиси ҷумҳури Тоҷикистон гузошта шуданд. Дар ин муддат дар Тоҷикистон ҳамаи маҳдудиятҳо дар дастрасӣ ба сомонаҳои иҷтимоӣ лағв шуда, аммо баъд аз муддате ин маҳдудиятҳо дубора роҳандозӣ шуданд.

Дар ҳамин ҳол намояндагони Идораи алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, ки дар бораи ин маҳдудсозиҳо иттилоъ надоранд ва ҳамаи айб дар ширкатҳои фароҳамкунандаи хадамоти алоқаи интернетӣ аст.

XS
SM
MD
LG