Ссылки доступа

Туркия бо кишварҳои ИДМ низоми виза роҳандозӣ мекунад


Дар тобистони соли ҷорӣ Туркия бо 89 кишвар, аз ҷумла бо кишварҳои ИДМ низоми рафтуомад бо визаро роҳандозӣ мекунад.

Дар ин бора бо истинод ба вазорати корҳои хориҷии Туркия расонаҳо хабар медиҳанд.

Тибқи ин хабар, аз моҳи июни соли 2016 миёни Туркия бо Озарбойҷон, Гурҷистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Русия низоми виза роҳандозӣ мешавад.

"Тирамоҳи соли ҷорӣ Туркия бо ИА низоми бевизаро соҳиб мешавад ва яке аз талаботи Иттиҳоди Аврупо ин буд, ки низоми бевиза бо кишварҳое лағв карда шавад, ки бо ИА чунин низоми бераводидро надоранд. Ба унвони мисол, Туркия чунин маҳдудиятҳоро нисбати шаҳрвандони Гурҷистон, Молдова ва Украина, ки бо ИА соҳиби низоми бераводид шудаанд, роҳандозӣ намекунад", - гуфт намояндаи ВКХ Туркия.

Пештар Туркия бо бархе аз кишварҳои ҷаҳон ба хотири ҷалби теъдоди бештари сайёҳон низоми рафтуомади бевизаро роҳандозӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG