Ссылки доступа

Дар маҳбасҳои Ӯзбекистон қариб 13 ҳазор диндор нигаҳдорӣ мешавад


Дар зиндонҳои Ӯзбекистон 12 ҳазору 800 маҳбусе нигаҳдорӣ мешавад, ки бо айбҳои мазҳабӣ маҳкум шудаанд.

Дар ин бора дар гузориши кӯтоҳи гуруҳи Ибтикории ҳомиёни мустақили ҳуқуқи инсони Ӯзбекистон дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар соли 2015 гуфта шудааст.

Ба гуфтаи Сурат Икромов, раҳбари созмон, ин диндороне мебошанд, ки аз соли 2002 то ҳол аз озодӣ маҳкум шудаанд.

Ба иттилои созмон, дар зиндонҳои Ӯзбекистон то ҳол мавридҳои истифода аз шиканҷа нисбати ин гурӯҳи маҳбусон мушоҳида мешавад. Бо поён расидани муҳлати ҷазо мақомот бо айбҳои бофтаи "вайрон кардани тартиботи дохилии маҳбас" муддати дар зиндон мондани ин гуруҳи маҳбусонро тамдид мекунанд.

"Амалан диндорони маҳкумшуда мавриди авфи ҳамасолаи порлумон ба хотири Рӯзи Қонуни асосӣ қарор намегиранд", - гуфт ҳомии ҳуқуқи инсон.

Хабар дода мешавад, ки дар Ӯзбекистон бештаре аз мазҳабиён бо айби ҳамдастӣ бо гуруҳҳои мазҳабии ифротӣ маҳкум ба зиндон шудаанд. Дар миёни онҳо шаҳрвандоне низ ҳастанд, ки дар робита бо созмонҳое ба монанди "Ҳизб-ут-Таҳрир" ва "Нурҷилар" айбдор дониста шуда шудаанд.

Дар соли гузашта дар Ӯзбекистон садҳо нафар бо айби робита бо гуруҳи террористии ДИИШ маҳкум шуданд.

Ба эътиқоди коршиносон, бекории оммавӣ ва истибдод дар Ӯзбекистон бештаре аз сокинонро водор мекунанд, ки кишварро тарк карда, ба сафи гуруҳи террористии "Давлати исломӣ", ки дар қаламрави Сурия ва Ироқ меҷангад, аъзо шаванд.

XS
SM
MD
LG