Ссылки доступа

SOHR: зимни зарбаҳои Русия дар Сурия аҳолии осоишта кушта шудааст 


Дар пайи зарбаҳои ҳавоии Русия дар маҳаллаи бозоре дар шимоли Сурия 81 нафар кушта шудааст, ки миёни онҳо дастикам 52 сокини осоишта мавҷуд аст.

Созмони ҳуқуқи башари Syrian Observatory for Human Rights (SOHR), ки дар Бритониё мустақар аст, изҳор медорад, ки зимни ҳамлаи ҳавоии русӣ ба бозор дар вилояти Идлиби Сурия шаш шӯришӣ ва 23 ҷангии гурӯҳи ифротии "Ҷабҳат ал-Нусра", ки бахши суриягии "Ал-Қоида" дониста мешавад, кушта шудаанд.

Дар ин бино додгоҳи шариатӣ ва маҳбасхона низ воқеъ буд. Дар ҳамлаҳои ҳавоӣ 52 нафар бо шумули сокинони осоишта ва маҳбусоне, ки зимни зарбаи ҳавоӣ дар ин бино қарор доштанд, кушта шудаанд. Гуфта мешавад, ки дар миёни кушташудагон дастикам ду зан ва як кӯдак буданд.


Русия 30 сентябри соли гузашта барои дастгирии раиси ҷумҳури Сурия Башор Асад, ки шарики Кремл мебошад, дар ин кишвар амалиёти ҳавоӣ роҳандозӣ кард.

XS
SM
MD
LG