Ссылки доступа

СММ ба гуруснанишинони шаҳри Мадойини Сурия кумак мефиристад


Корвони башардӯстона бо ғизо ва доруворӣ имрӯз ба аҳолии 40 ҳазорнафарии шаҳри Мадойини Сурия, ки ба навиштаи расонаҳои хориҷӣ аз гуруснагӣ мемирад, фиристода мешавад.

Сухангӯйи Раёсати СММ дар умури гурезагон Мелисса Флеминг хабар дод, ки корвони башардӯстона ба Мадойин субҳи 11 январ равон мешавад. Шаҳри Мадойин, ки аз сӯйи мухолифони суриягӣ назорат мешавад, дар марзи миёни Сурия ва Лубнон воқеъ аст. Нерӯҳои ҳукуматӣ ва шӯришиёни лубнонии "Ҳизбуллоҳ" ин шаҳрро аз моҳи июли соли 2015 дар муҳосира гирифтаанд.


Созмони байналмиллалии "Табибони бидуни марз" вазъияти ин шаҳрро "даҳшатнок" унвон мекунад. Аҳолии шаҳр гуруснагӣ мекашад, зеро ба ин шаҳр ғизо ворид намешавад. Мардум водор мешаванд ҳар чизеро, ки пайдо кунанд, аз ҷумла ҳайвоноти кӯчагӣ ва растаниро бихӯранд.


Тибқи арзёбии аввалия, қариб 250 нафар аз набудани ғизо дар беҳолӣ ҳастанд ва 10 нафар ниёз доранд, ки зуд барои табобат интиқол дода шаванд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи шаҳри Мадойин баъд аз пахши хабарҳо дар расонаҳо дар бораи гуруснагии мардуми ин шаҳр таваҷҷӯҳ кард.

XS
SM
MD
LG