Ссылки доступа

Дар Исломобод музокирот дар мавриди Афғонистон шурӯъ мешавад


Интизор меравад, ки намояндаҳои воломақоми чаҳор кишвар асоси музокироти мустақими миёни Кобул ва ҷунбиши "Толибон"-ро эҷод мекунанд. Ширкати низомиён дар музокироти имрӯз, ки дар чаҳорчӯби нақшаи пешбурди сулҳ дониста мешавад, дар назар нест.

Сухангӯйи ҳукумати Афғонистон Ҷовид Файсал дирӯз ба хабаргузории France-Presse гуфт, ки дар ин дидор мавзӯи "шакли музокироти сулҳ" баррасӣ мешавад. Файсал афзуд, ки Покистон чанд тан аз шӯришиёни толибро муаррифӣ мекунад, ки омода ҳастанд ҷанги 15-соларо хотима дода, бо Кобул музокиротро оғоз кунанд. Вай ҳамчунин гуфт, ки Исломобод розӣ шуд, ки сармоягузории толибонро, ки дар шаҳрҳои ин кишвар мустақар ҳастанд, хотима дода, аз вуруди толибон аз Покистон ба Афғонистон пешгирӣ кунад.

Кобул муддати тӯлонӣ Исломободро дар пуштибонии махфии толибон дар Афғонистон айбдор мекард.

XS
SM
MD
LG