Ссылки доступа

Путин дар бораи Қрим, фурӯпошии Шӯравӣ ва иқтисоди Русия изҳори назар кард


Русия дар Қрим қонунҳои байналмиллалиро вайрон накардааст, гуфт дар мусоҳиба бо расонаи олмонии Bild президент Владимир Путин.

Ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳар як халқ тибқи Ойинномаи СММ барои изҳори назари худ дар бораи истиқлол ҳақ дорад ва ҳузури низомиёни рус дар нимҷазира танҳо ба он хотир зарур буд, ки "аз мудохила ба изҳори назари озодонаи мардум пешгирӣ карда шавад".

Тибқи қонунҳои байналмиллалӣ, баъд аз ғасби Қрим аз сӯйи Русия дар баҳори соли 2014 ин нимҷазира "қаламрави тасарруфшуда" дониста мешавад.

Дар ин мусоҳиба раиси ҷумҳури Русия аз тасмими густариши НАТО ба самти шарқ интиқод карда, зикр кард, ки агар Ғарб ба сиёсати Ховари Миёна мудохила намекард, бӯҳрони муҳоҷирон дар Аврупо чандон нигаронкунанда намешуд.

Путин ҳамчунин аз иштибоҳҳои Русия баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ изҳори назар карда, гуфт, ки бояд Русия аз аввал манфиатҳои миллии худро матраҳ мекард. Дар ин сурат ҷаҳон бештар мутаносиб мешуд. Ба гуфтаи Путин, баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ бисёриҳо талош карданд, ки аз байн рафтани "маркази дувуми қудрат"-ро истифода кунанд.

Дар посух ба саволи таъсири таҳримҳои Ғарбӣ ба иқтисоди Русия, Путин зикр кард, ки зарари бештар аз пойин рафтани нархҳои молҳои содиротии Русия, пеш аз ҳама нафту газ, расонида шудааст. Аммо, ба эътиқоди президенти Русия, арзиши пасти нафт дар баробари таъсири манфӣ ба иқтисоди Русия муфид ҳам мебошад, зеро ба эҳёи он сабаб мешавад.

XS
SM
MD
LG