Ссылки доступа

Ҳунарманди амрикоӣ Стивен Сигал шаҳрванди Сербистон шуд


Ҳунарманди амрикоӣ, таҳиякунандаи филмҳо ва устоди ҷангҳои танбатан Стивен Сигал шаҳрвандии Сербистонро дарёфт кард.

Дар баёнияи ҳукумати Сербистон, ки рӯзи душанбе пахш шуд, гуфта шудааст, ки чунин тасмим баъд аз ду сафари Сигал ба кишвар гирифта шудааст. Зимни ин сафарҳо Сигал аз раҳбарияти Сербистон зиёд қадрдонӣ карда, гуфт, ки худро серб эҳсос мекунад.

Дар ҷараёни яке аз сафарҳо ба Сербистон Сигал пешниҳод кард, ки дар Белград барои маъмурони пулиси кишвар мактаби айкидо таъсис диҳад.

Ба иттилои хабаргузориҳои ғарбӣ, сафарҳои Сигал ба Сербистонро як созмони сербии русгаро сармоягузорӣ кардааст.

Стивен Сигал ба гурӯҳи чеҳраҳои саршиноси ғарбӣ шомил аст, ки аз президенти Русия Владимир Путин ҳимоят мекунанд. Ҳарчанд дар муносибатҳои миёни Москва ва кишварҳои Ғарбӣ ихтилофҳои ҷиддие вуҷуд доранд.

Сербистон талош дорад, ки узви ИА шавад, аммо дар ин талошаш вай бояд муқовимати шадиди миллатгароҳои русгароро паси сар кунад.

XS
SM
MD
LG