Ссылки доступа

Арзиши як бушка нафти навъи Brent аз 31 доллар пойинтар шуд


Қимати як бушка нафти навъи Brent бо содироти он дар моҳи феврал аз 31 доллар пойнтар шуд. Дар ин бора натиҷаи фурӯшҳо дар биржаи Лондон гувоҳӣ медиҳанд.

Уфти арзиши нафт як ҳафтаи ахир идома дорад. Ин амр дар пасманзари вазъи номуътадил дар биржаҳои Чин, ки дувумин масрафкунандаи бузурги нафт дар ҷаҳон мебошад, идома дорад.

Дар шаш рӯзи нахустини фурӯши нафт дар соли нав арзиши он 16 фоиз пасттар шуд. Дар соли 2015 қимати он дар маҷмуъ 30 фоиз пойин рафт.

Аз оғози соли 2016 арзиши нафти навъи Brent 12 фоиз камтар шуд.

XS
SM
MD
LG