Ссылки доступа

Теъдоди муҳоҷирони ихроҷшуда аз Олмон бештар шуд


Мақомоти Австрия аз афзоиши муҳоҷирони аз Олмон ихроҷшуда хабар медиҳад.

Тибқи баёнияи ахири мақомоти австриягӣ, Олмон иддао дорад, ки бархе аз муҳоҷирон, ки дар миёни онҳо зодагони Афғонистон ҳастанд, наметавонанд барои дарёфти паноҳандагӣ дар Олмон умед дошта бошанд. Мавридҳои ҳамла ба занҳо дар ҷараёни ҷашнҳои солинавӣ дар Олмон, ки гуфта мешавад аз сӯйи муҳоҷирон сурат гирифтаанд, ба сиёсати дарҳои боз дар нисбати муҳоҷирон, ки аз сӯйи садри аъзами Олмон Ангела Меркел эълон шудааст, таъсир гузошт.

Ба иттилои мақомоти австриягӣ, теъдоди муҳоҷирони ихроҷшуда аз Олмон аз 60 нафари дар моҳи декабри соли гузашта то ба 200 нафар дар оғози соли ҷорӣ афзоиш ёфтааст. Ба иттилои онҳо, тақвияти назорати марзӣ дар Олмон метавонад натиҷаи ташдиди назорати сарҳадӣ дар Шветсия ва Дания бошад. Мақомоти австриягӣ мегӯянд, бештаре аз муҳоҷироне, ки посухи рад гирифтанд, шаҳрвандони Афғонистон мебошанд. Ин муҳоҷирон мехостанд аз кишварҳои Скандинавия дархости паноҳандагӣ кунанд. Дар миёни чунин муҳоҷирон шаҳрвандони Ироқ, Эрон, Марокаш ва Алҷазоир низ ҳастанд.

Дар ҳафтаи гузашта Шветсия, ки ба кишвари писандидатарин дар миёни муҳоҷирон табдил шудааст, назорати марзӣ дар сарҳад бо Данияро роҳандозӣ кард. Дар навбати худ Дания бозрасии воридшавандаҳо аз Олмонро шурӯъ кард. Австрия назорати марзиро дар сарҳад бо Словения тақвият дод. Ба иттилои пулис, аз аввали соли ҷорӣ аз вуруди беш аз 1650 муҳоҷир ба Австрия пешгирӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG