Ссылки доступа

Баъди доллар нархи орду равған ҳам боло рафт


Баъди пойин рафтани қурби сомонӣ дар баробари доллари ИМА, дар бозорҳои пойтахти Тоҷикистон маҳсулоти ниёзи аввалия ҳам қимат шуд.

Шуруъ аз 11 январ дар бозорҳои Душанбе якбора нархҳо боло рафт. Сокинон мегӯянд, се маҳсулоти асосӣ давоми се рӯзи ахир то 30%-40% қимат шудааст. Акнун як халта орди 50 киллоӣ аз 165 сомонӣ то ба 200 сомонӣ расидааст, як килло шакар аз 5,5 сомонӣ ба 7 сомонӣ ва як зарфи равғани 5-литрӣ аз 54 сомонӣ ба 50-55 сомонӣ расидааст.

Бархе сокинон аз тарси ин ки бо боло рафтани арзиши доллар нархи маҳсулот низ боло меравад, ба захира кардани маҳсулоти ниёзи аввалия пардохтаанд.

Дар як соли охир арзиши пули миллӣ дар баробари доллари ИМА 40% поин рафт. Дар ҳоли ҳозир соҳибкорон талош доранд маҳсулоташонро бо нархи гаронтар фурӯшанд, вале аз ворид кардани маҳсулоти нав худдорӣ мекунанд.

Бештар аз 30% сокинони Тоҷикистон бо доштани як ноновар дар хона, зери хати фақр ба сар мебарад. Бознишастагон ва кормандони буҷавӣ, ки мунтазири боло рафтани нафақапулӣ ва моҳона дар соли 2015 буданд, аз шаҳрвандони бекор вазъи беҳтаре надоранд.

XS
SM
MD
LG